LIVE

Фестивали «Футбол ба назди шумо меояд» ҷамъбаст шуд

Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб даври ниҳоии фестивали умумиҷумхуриявӣ таҳти унвони «Футбол ба назди шумо меояд» бо ширктаи васеъи дастаҳои наврас аз рӯи чор сину сол баргузор гардид. Фестивали мазкур давоми се моҳ дар рӯзҳои истироҳатӣ баргузор карда шуд ва масъулини Федератсияи футболи Тоҷикистон қайд карданд, ки ин сабқатҳо дар тамои шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо ширкати васеъи кӯдакону наврасон идома ёфт. Зимнан дар ин фестивал барои иштирокчиён машқҳои гуногуни ин риштаи варзиш намоиш дода шуд. Бархе аз ин кӯдакон аввалин маротиба дар чунин ҳамоишҳои варзишӣ ширкат меварзанд ва умед доранд, ки минбаъд дар ин риштаи варзиш тамрин карда футболбози касби шаванд.
Ёдовар мешавем, ки мақсад аз роҳандозӣ намудани ин фестивал ҳарчӣ бештар ҷалб намудани кӯдакон наврасон ба футбол, дӯстиву рафоқати миёни варзишгарони наврас ва муайян намудани беҳтарин футболбозон аз миёни ин кӯдакону наврасон маҳсуб меёбад. Бинобар иттилоъи мураббиён дар чунин ҳамоишҳои дастаҷамъӣ онҳо метавонанд, ки маҳорату малакаи наврасони худро бисанҷанд ва ҳамзамон таҷрибаи худро бозҳам ғанӣ гардонанд. Дар фарҷоми фестивал бори дигар таъкид гардид, ки ин лоиҳа минбаъд низ аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон дар сартосари мамлакат амалӣ карда мешаванд ва дигар кӯдакону наврасон ба чунин ҳамоишҳои варзишӣ бештар ҷалб мегарданд. Ба дастаҳои ғолиб ва беҳтарин футболбозони наврас аз ҷониби намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва сарпарастони ҳамоиш медалу нишону ифтихорнома ва ба дастаҳое, ки мақомҳои ифтихориро ба даст оварданд Ҷоми мусобиқа низ тақдим гардид. Аз рӯи 4 синну сол наврасони шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Мӯъминобод, Восеъ ва Темурмалик ба гирифтани мақомҳои ифтихорӣ даст ёфтанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив