LIVE

Ба дастгирии мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ бо Арабистони Саудӣ биёед!

Рӯзи 26-уми март мунтахаби Тоҷикистон дар доираи бозии чаҳоруми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» бо тими миллии Арабистони Саудӣ, ки онро мутахассиси итолиёвӣ Роберто Манчини роҳбарӣ менамояд, бозӣ мекунад.

Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мешавад. Нархи чипта аз 30 сомонӣ оғоз мегардад.

Аз тамоми мухлисон даъват менамоем, ки ба варзишгоҳ омада, дар чунин бозии муҳим дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ҳаводорӣ кунанд. Футболбозон ба дастгирии шумо ниёз доранд! Биёед тими миллииамонро якҷоя дастгирӣ кунем!!!

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив