Ба иттилои AS, дарвозабон шартномаашро бо бошгоҳи фаронсавӣ тамдид намекунад. Шартномаи феълии байни тарафҳо то тобистони соли 2024 эътибор дорад.
Ба иттилои манбаъ, ҳангоми ифтитоҳи равзанаи интиқоли зимистона дарвозабони 39-сола аз бошгоҳҳои дигар пешниҳодҳо дошт, вале тасмим гирифтааст, ки то анҷоми шартномааш бо “ПСЖ” мунтазир шавад.
Навас пас аз омадани Ҷанлуиҷи Доннарумма дар тобистони соли 2021 ҷои худро дар ҳайати асосии бошгоҳи шаҳри Париж аз даст дод.