LIVE

 “Арсенал” баъди чордаҳ сол ба даври чорякниҳоии Лигаи Чемпионҳо роҳ ёфт

Бозии ҷавобии марҳилаи ҳаштякниҳоии Лигаи Қаҳрамонҳои Аврупо миёни дастаҳои “Арсенал” ва “Порту” ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Эмирайтс”-и шаҳри Лондон дар ҳузури 60 257 нафар мухлис баргузор гардида, бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи “тӯпчиён” анҷом ёфт. Бозии аввали дастаҳо дар варзишгоҳи “Драгау”-и Португалия бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи “Порту” анҷом ёфта буд ва бо натиҷаи бозии имрӯза тақдири вохӯриро силсилазарбаҳои 11 метра ҳаллу фасл кард.
Ягона голи “Арсенал”-ро дар ин вохӯрӣ Леандро Троссард аз ирсоли головари Мартин Эдегор истифода бурда, ба самар расонид. Дар силсилазарбаҳои 11 метра бошад, дастпарварони Артета фаъол буданд ва пирӯзӣ ба даст оварданд.
Аз ҳайати “Арсенал” пеналтиҳоро Мартин Эдегор, Кай Хавертс, Букайо Сака ва Деклан Райс бидуни иштибоҳ ба самар расониданд. Аз ҳайати “Порту” танҳо ба Пепе ва Марко Груич муяссар шуд, ки пеналтиро бехато иҷро кунанд. Венделл ва Галено зарбаҳоро дуруст иҷро карда натавонистанд.
Ҳамин тавр, дастаи “Арсенал” дар силсилазарбаҳои 11 метра бо 4 бар 2 муқобили “Порту” зафар ёфта, роҳашро ба даври чаҳорякниҳоӣ ҳамвор кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив