LIVE

Мартин Эдегор капитани “Арсенал” мешавад?

Нимҳимоятгари “Арсенал” Муҳаммад Эл-Нени иқрор шуд, ки нимҳимоятгар Мартин Эдегор метавонад капитани дастаи шаҳри Лондон бошад.
«Вай ҳамеша бозигарони дигарро, ҳам дар вақти тамрин ва ҳам берун аз он тамрин медиҳад. Вай доимо дар бораи футбол ва он чизе ки мо бояд кунем, сӯҳбат мекунад. Мартин дорои сифатҳои капитанӣ аст. Мо бисёр мехостем, ки ӯ ҳамеша бо мо бимонад, - гуфтааст Эл-Нени.
Мартин Эдегор моҳи январ ба таври иҷора аз “Реал Мадрид” ба “Арсенал” гузашт. Ин ҷавони 22-солаи норвегӣ дар ҳайати лондониҳо дар 11 дидор 2 гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив