LIVE

"Интер Майами" як бозигари аргентинии дигар харид

Дастаи Месси як трансфери дигар анҷом дод. Ин навбат "Интер Майами" бо писари Редондо бар ивази 8 млн доллар шартнома имзо кард. Ҳамин тариқ, нимҳимоягари такягоҳӣ  Федерико Редондо аз "Архентинос Хуниорс" ба сафи даста аз Флорида пайваста, шартномаи кори миёни ҷонибҳо то соли   2027 мӯҳлат дорад ва онро метавон ба як соли дигар тамдид намуд.  
Редондо-и хурдӣ дар чемпионати Аргентина аз соли 2022 баромад карда, дар омораш   58 бозӣ, ду гол ва ду партофти голӣ дорад. Қобили қайд аст, ки Федерико – писари собиқ нимҳимоягари мунтахаби  Аргентина ва  "Реал"  Фернандо Редондо мебошад.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив