LIVE

Ҷузъиёти бештари шартномаи Алба ва «Интер Майами»

«Интер Майами» дар мавриди ҷузъиёти шартномаи корӣ бо Жорди Алба дар сомонаи расмияш нашр кард.
Имрӯз бошгоҳи амрикоӣ оиди имзокунии қарордоди корӣ бо собиқ дифоъгари «Барселона» чун футболбози озод эълон намуд.
Шартномаи бозигари испанӣ бо тими наваш то охири мавсими МЛС-2024 амал хоҳад кард. Тибқи қарордод ҳамчунин метавон мӯҳлати ҳамкориро ба як соли дигар тамдид кард. 
Албаи 34-сола дар сафи «Барселона» аз соли 2012 баромад карда, моҳи майи ҳамин сол бо тими  каталонӣ шартномаро қатъ карда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив