LIVE

«Манчестер Сити» бо ҳамватани Холланд шартномаро тамдид мекунад

«Манчестер Сити» фурсатҳои наздик бо футболбози норвегӣ    Оскар Бобб шартномаро тамдид мекунад.
Қарордоди феълии норвегӣ бо «шаҳриён» то тобистони соли 2026 буда, ба қавли  журналисти Daily Mail Ҷек Гауган ҳардӯи ҷонибҳо омодаи имзокунии шартномаи дарозмуддат мебошанд.
Ҳамчунин журналист қайд намуд, ки сармураббии «Ман Сити» Пеп Гвардиола аз бозии Бобб дар тамринҳо розӣ буд ва аз ин рӯ барои норвегӣ имкон дод то дар сафи асосии бозии ПЛА ба майдон барояд, дар бозие, ки  «шаҳриён» бо «Брентфорд» вохӯрданд.
Дар сафи «Манчестер Сити» вингери норвегӣ 18 бозӣ, ду гол ва як ассист дорад. Дар масири ду сол Бобб дар сафи дастаи то 23-солаи «шаҳриён» бозӣ намуд ва баъдан директори варзишии даста Чики Бегиристайн ба Гвардиола маслиҳат дод то ин бозигарро ба дастаи асосӣ интиқол диҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив