Пеп Гвардиола баъди марҳилаи муайяни корӣ дар «Манчестер Сити» метавонад фаъолияти корияшро дар тими мунтахаб идома диҳад.
Пештар маълум гардида буд, ки мураббии 52-сола то соли 2025-ум дар «Ман Сити» мемонад.
Аз рӯи ахбороти The Guardian, мутахассиси испанӣ пештар ният дошт бошгоҳоеро дар Серияи А тамрин диҳад, то дар чор лигаҳои асосии аврупоӣ ба дастовардҳои назаррас расида тавонад.
Аммо нақшаҳои Гвардиола тағйир ёфтаанд ва яке аз вариантҳои идомадиҳии маснади корӣ – кор бо тими мунтахаб аст.
Дар сафи «Манчестер Сити» бошад Гвардиола 7 сол боз кор мекунад ва дар масири кории хеш 14 ҷоиза тори сар бардошта, дар мавсими сипаршуда се ҷоизаи асосиро ба даст овард ва ё худ требл анҷом дод.