LIVE

Оғозёбии даври чорякниҳоии чемпионати ҷаҳон оиди футболи соҳилӣ

Дар чемпионати ҷаҳон оиди футболи соҳилӣ — 2024 дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) ҳамаи ҷуфтҳои чорякниҳоӣ маълум шуданд.
Ғолиби гурӯҳи А - мунтахаби Италии баҳри баромадан ба ниманиҳоӣ бо тими дуюми гурӯҳи  В — мунтахаби Таити бозӣ мекунад. Ғолиби гурӯҳи В – эрониҳо бо мизбонони мусобиқа –мунтахаби АМА рақобат мекунанд.
Ғолиби гурӯҳи С - мунтахаби Белоруссия дар даври чорякниҳоӣ бо мунтахаби Португалия бозӣ намуда, ҷопониҳои зинаи дуюм бо Бразилия, ки дар гурӯҳи  D беҳтарин шуд, нерӯ месанҷанд.
Бозиҳои чорякниҳоӣ рӯзи 22-юми феврал доир мешаванд.
Даври чорякниҳоӣ, 22-юми феврал 
16:30 дшб. Бразилия — Ҷопон.
18:00 дшб. Белоруссия — Португалия.
20:30 дшб. Эрон — АМА.
22:00 дшб. Италия — Таити.
Қобили қайд аст, ки вохӯриҳои ниманиҳоӣ санаи   24-уми феврал мегузаранд ва финал ва бозӣ барои ҷои сеюм бошанд рӯзи 25-уми феврал баргузор мегарданд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив