LIVE

Натиҷаи бозиҳои навбатии чемпионати ҷаҳон оиди футболи соҳилӣ — 2024

Рӯзи сешанбе, 20-уми феврал чор вохӯрии даври 3-юми марҳилаи гурӯҳии чемпионати ҷаҳон оиди футболи соҳилӣ — 2024 дар Дубайи АМА доир гардиданд. Бозиҳои ахир дар гурӯҳҳои C ва D анҷом ёфтанд.
Чемпионати ҷаҳон оиди футболи соҳилӣ — 2024
Марҳилаи гурӯҳӣ. Даври 3-юм
Гурӯҳи С
Белоруссия — Колумбия — 4:1.
Ҷопон — Сенегал — 6:4.
Гурӯҳи D
Уммон — Португалия — 2:3.
Мексика — Бразилия — 3:4 (ОТ).
Ғолиби гурӯҳи С мунтахаби Белоруссия дар марҳилаи чорякниҳоӣ муқобили  Португалия бозӣ намуда, ҷопониҳои зинаи дуюм бо Бразилия рақобат мекунанд, дастае, ки дар гурӯҳи D беҳтарин дониста шуд.
Қобили қайд аст, ки бозиҳои марҳилаи чорякниҳоӣ рӯзи 22-юми феврал доир мешаванд. Вохӯриҳои ниманиҳоӣ санаи   24-уми феврал мегузаранд ва финал ва бозӣ барои ҷои сеюм бошанд рӯзи 25-уми феврал баргузор мегарданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив