LIVE

Микел Артета оиди рақиби навбатияш дар Лигаи чемпионҳо чӣ гуфт?

Сармураббии «Арсенал» Микел Артета оиди бозии дарпешистодаи даври 1/8 финалии Лиги чемпионҳо бо  «Порту» ибрози назар кард.
«Ман аз бозии  «Порту» хеле дар ҳайрат ҳастам, роҳбарият ва таърихи онро нағз медонам. Онҳо таҷрибаи зиёди бозӣ дар евроҷомҳоро доранд, дорои шумораи зиёди сифатҳои мухталиф дар қисматҳои гуногуни бозӣ мебошанд ва аз ин рӯ ҳама вақт рақобатпазир ҳастанд. Ин даста воқеан ҳам ҳарифи мушкил аст, ки бо он мо сар ба сар мешавам ва дар ҳаяҷон ҳам ҳастем. Мо инҷо ҳафт сол набудем ва ҳама   пурэнерҷӣ ҳастему  хоҳиши бузурги шомилшавӣ ба рақобат дорем.
Олӣ аст, ки аз ҳаққи баромад дар плей-офф бархӯрдор шудем. Ин имтиҳонест, ки дар пешорӯямон вуҷуд дорад ва мо воқеан ҳам омодаем то дар муқобили он бо боварии бузург истодагарӣ кунем», — иқтибос меорад аз суханони Артета сомонаи расмии «Арсенал».
Бозӣ миёни дастаҳо имрӯз, санаи 21-уми феврал дар варзишгоҳи «Драгау» соати 01:00 доир мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив