LIVE

Фаъолии дастаҳои ПЛА дар бозори зимистонаи трансферӣ

Дастаи "Бернли"-и  Компани дар бозор фаъол шуд. Дастаи нав аз Чемпионшипомада дифоъгари 21-сола Максим Эстевро аз "Монпелйе" ба иҷора гирифт.
Мӯҳлати иҷораи ин бозигар аз Лигаи якуми Фаронса то охири мавсими ҷорӣ буда, ба як гуфте ин иҷораро метавонанд дароз кунанд.
Дар мавсими ҷории чемпионате Фаронса Эстев  12 бозӣ ва 1 гол дорад. 
Намояндаи шаҳри Ливерпул дар ПЛА "Эвертон" бошад Мэйсон Холгейтро аз иҷора аз "Саутгемптон" бозхонд ва ба тими дигари пурмушкил бо номи  "Шеффилд Юнайтед" равон намуд.
Ин ҳам дифоъгар буда, нимаи аввали мавсимро дар Чемпионшип дар сафи "Саутгемптон" гузаронид, вале  аз ҷониби Эвертон сафари химатӣ ба самти дигар гирифт.
 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив