LIVE

"Ливерпул" бозигарашро ба Чемпионшип равон кард

Агар кори равзанаи зимистонаи трансферӣ диққат кунем, онҷо "Ливерпул" дифоъгари хеш Натаниэл Филлипсро ба иҷора ба "Кардифф" равон кард. Ин ҳам пеш азоне сурат гирифт, ки дастаи Клопп дар бозӣ аз "Арсенал" шикаст хӯрду дарди сари зиёде барояш бор кард. Дифоъгари 26-сола боқимондаи мавсимиро дар Чемпионшип хоҳад гузаронд. Пештар ин мавсим  Филлипс дар иҷора дар "Селтик" буд ва дар чемпионати Шотландия танҳо шаш бозӣ доир кард. Ҳайфи он бозигари "Ливерпул"-е, ки дар чемпионати Шотландия ба майдон омада натавонад. Мумкин дар Чемпионшип як илоҷ карда ному нанг боло бардорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив