LIVE

“Ливерпул” сабаби барканории шаш мураббӣ шуд

Сармураббии «Борнмут» Скотт Паркер шашумин мутахассис шуд, ки дар Премйер-Лигаи Англия пас аз мағлуб шудан аз “Ливерпул” вазифаи худро аз даст додод. Қаблан чунин сарнавиштро мураббиёни дигар, аз ҷумла Франческо Гидолин («Суонси», 2016), Славен Билич («Вест Хэм», 2017), Слависа Йоканович («Фулхэм», 2018), Жозе Моуриню («Манчестер Юнайтед», 2018) ва Марко Силва («Эвертон» 2019) аз сар гузаронида буданд.  
Паркери 41-сола аз моҳи июли соли 2021 сармураббии “Борнмут” буд. Бо роҳбарии ӯ даста дар ҷадвали мавсими гузаштаи Чемпионшип ҷои дуюмро ишғол кард ва ба Премйер-Лига баромад. «Борнмут» зери роҳбарии ӯ дар даври 4-уми чемпионати Англия аз «Ливерпул» бо ҳисоби 0:9 шикаст хӯрд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив