LIVE

Роналду натиҷаи голияшро дар соли 2023 беҳтар кард

Ҳамлавари дастаи саудии «Ал-Наср» ва мунтахаби Португалия Криштиану Роналду натиҷаи голияшро дар соли 2023 беҳтар кард.
Дар умум бозигари португалӣ соли 2023-юм 54 гол ба самар расонида, ин ҳам беҳтарин нишондод аз миёни кулли бозигарон дар футболи ҷаҳонӣ мебошад. Баъди ӯ дар рӯйхат Ҳарри Кейн («Бавария», Олмон), ки 52 гол дорад, Килиан Мбаппе («ПСЖ», Фаронса), ки ҳамчунин 52 гол ба самар расонидааст ва ҳамчунин Эрлинг Холанд («Манчестер Сити», Англия), ки дар ҳисобаш 50 мгол мебошад, қарор доранд.
Роналду моҳи январи соли 2023 ба сафи тими саудии  «Ал-Наср» ба ҳайси футболбози озод аз «Манчестер Юнайтед» пайваста, мавсими ҷорӣ  43 маротиба ба майдон омад ва ба задани 37 голу ирсоли 13 партофти голӣ даст ёфт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив