LIVE

Натиҷаи бозиҳои рӯзи 26-уми декабр дар ПЛА

Рӯзи аввали бозиҳои даври  19-уми Премер-лигаи Англия хотима ёфт. Рӯзҳои сешанбе ва чоршанбе, 26-ум ва 27-уми декабр панҷ бозӣ гузаронида шуд.
Дар бозии марказии давр «Манчестер Юнайтед»  зидди «Астон Вилла» пирӯзӣ ба даст овард — 3:2. Баъди нимаи аввал «девони сурх» бидуни имконият аз ҳариф бо ҳисоби 0:2 дучори бохт шуда буданд, вале дубли Алехандро Гарначо ва як голи Расмус Хойлунд барои манкунианиҳо се холи муҳимро таъмин намуд.
Бо ин натиҷаи бозӣ «Манчестер Юнайтед» ба зинаи шашуми ҷадвали чемпионат баромад. «Девони сурх» аз 19 бозӣ 31 хол доранд. «Астон Вилла» бошад бо 39 хол дар зинаи сеюм қарор дорад.
Англия - Премер-лига. Даври 19-ум
27-уми декабри соли 2023, чоршанбе. 01:00 ДШБ
Манчестер Юнайтед (Манчестер) 3 : 2 Астон Вилла (Бирмингем)
0:1 Макгинн – 21'     0:2 Дендонкер – 26'     1:2 Гарначо – 59'     2:2 Гарначо – 71'     3:2 Хойлунд – 82'    
«Ливерпул» дар сафар аз пирӯзии боварибахш муқобили «Бёрнли» (2:0) ба шарофати голҳои Дарвин Нунйес  ва Диогу Жота истиқбол гирифт. Зердастони Юрген Клопп мувақаттан ба садри ҷадвали ПЛА бо 42 хол баромаданд.
Англия - Премер-лига. Даври 19-ум
26-уми декабри соли 2023, сешанбе. 22:30 ДШБ
Бёрнли (Бёрнли) 0 : 2 Ливерпул (Ливерпул)
0:1 Нунйес – 6'     0:2 Жота – 90'    
«Нюкасл» бошад силсиланокомиҳои хешро идома дод. «Зоғон» дар майдони хеш аз ҷониби «Ноттингем» (1:3) дучори шикаст шуданд. Дар нақши «ғамдиҳанда» ин маврид собиқ ҳамлавари «Нюкасл» Крис Вуд буд, ки ба задани се гол даст ёфт.
Англия - Премер-лига. Даври 19-ум
26-уми декабри соли 2023, сешанбе. 17:30 ДШБ
Нюкасл Юнайтед (Нюкасл-апон-Тайн) 1 : 3 Ноттингем Форест (Ноттингем)
1:0 Исак – 23'     1:1 Вуд – 45+1'     1:2 Вуд – 53'     1:3 Вуд – 60'    
Боз дар ду бозии дигари рӯзи нахусти даври 19-ум тимҳои «Борнмут» ва «Лутон» пирӯзӣ ба даст оварданд. «Шафтолуҳо» дар майдони хеш бо ҳисоби бузург «Фулхэм»-ро ноком карданд (3:0) ва «кулоҳдорон» дар муборизаи сангини сафарӣ се хол аз «Шеффилд» кашида гирифтанд (3:2). «Лутон» дар давоми бозӣ дучори бохт мешуд, вале ду худголи мизбонон дар дақиқаҳои 77-ум ва 81-ум ба дастаи Роб Эдвардс пирӯзиро таъмин намуданд.
Англия - Премер-лига. Даври 19-ум
26-уми декабри соли 2023, сешанбе. 20:00 ДШБ
Борнмут (Борнмут) 3 : 0 Фулхэм (Лондон)
1:0 Клюйверт – 44'     2:0 Соланке – 62'     3:0 Синистерра – 90+3'
Англия - Премер-лига. Даври 19-ум
26-уми декабри соли 2023, сешанбе. 20:00 ДШБ
Шеффилд Юнайтед (Шеффилд) 2 : 3 Лутон Таун (Лутон)

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив