LIVE

Тоҷикистон дар радабандии FIFA 4 зина боло рафт

Дастаи миллии футболи Тоҷикистон дар радабандии нави Федератсияи умумиҷаҳонии футбол (FIFA) мавқеашро миёни 210 мунтахаби футболи саёра беҳтар кард. Баъди ғалаба бар дастаҳои яккачини Қирғизистон (1:0) Муғулистон (1:0) тими миллии мо аз зинаи 119-ум ба ҷойи 115 баромад. Аз тими мо пештар Тайланд (114) ва баъди мо Қазоқистон (116) қарор гирифтаанд.
      Дастаи мунтахаби Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиё ҳамоно дар зинаи 22-юм қарор дорад. Дар садри аввали рӯйхати мунтахабҳои футболи сайёра Белгия бо 1752 имтиёз қарор дорад. Дастаҳои миллии Фаронса ва Бразилия зинаҳои баъдиро ишғол кардаанд. Ба 10-гонаи беҳтарин мунтахабҳои ҷаҳон 4. Англия (1662), 5. Португалия (1643), 6. Уругвай (1639), 7. Испания (1631), 8. Хорватия (1625), 9. Колумбия (1622) ва 10. Аргентина (1614) шомил гардиданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив