LIVE

Чӣ тавр ҷароҳати Гави барои «Барселона» фоида овард?

Бошгоҳи футболи «Барселона» аз барои ҷароҳати нимҳимоягар Гави аз ҷониби ФИФА аз 3 млн то 4,3 млн евро  дар шакли ҷубронпулӣ мегирад. Бозигари испанӣ дар бозии даври 10-уми гурӯҳи A-и чемпионати Аврупо — 2024 миёни мунтахабҳои Испания ва Гурҷистон (3:1) ҷароҳатдор шуда буд. Дар ин бора Mundo Deportivo иттилоъ медиҳад.
«Барселона» бояд, ки аз ҷониби ФИФА дар доираи барномаи ҳимояи бошгоҳҳо пардохтҳо дастрас намояд. Ҷубронпулӣ баъди рӯзи 28-уми ҷароҳати бозигар пардохт шуда, аз ҳаҷми маоши муқарраршудаи бозигар вобастагӣ дорад. Ҳаҷми ниҳоии ҷубронпулӣ барои ҷароҳати як бозигар солона 7,5 млн евро ё 20 548 евро дар як рӯзро ташкил медиҳад. Арзиши пардохтҳое, ки барои «Барса» ирсол карда мешаванд, аз 16-уми декабр роҳандозӣ карда мешаванд.
Хабар дода шуд, ки Гави метавонад аз шаш то ҳашт ҳафта ба майдон набарояд. Ҳамин тариқ, ҳаҷми ҷубронпулӣ аз ҷониби ФИФА метавонад аз  3 082 200 евро то 4 315 080 евроро ташкил диҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив