LIVE

Ҷойгузини Почеттиноро аз Португалия ёфтанд

Сармураббии «Спортинг» Рубен Аморим метавонад тобистони соли равон роҳбарии «ПСЖ»-ро ба уҳда гирад.

Ба гуфтаи нашрияи фаронсавии Le Parisien, директори бошгоҳи парижӣ Луиш Кампуш воқеан мехоҳад ба ивази сармураббии феълӣ Маурисио Почеттино бо ин футболбози 37-солаи португалӣ шартнома бандад.
«Спортинг» ғолиби Чемпионати Португалия 2020/2021 шуд. Ин дастаи шаҳри Лиссабон дар мавсими гузашта дувум шуд.

Аморим бо «Спортинг» то соли 2024 қарордод бастааст. Дар шартнома ҷубронпулӣ дар ҳаҷми 30 миллион евро  пешбинӣ шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив