LIVE

“Ман Сити” ҷойгузини Венсан Копаниро пайдо кард

“Манчестер Сити” дар замони роҳбарии  Хосеп Гвардиола беш аз 440 миллион евро танҳо барои хариди ҳимоятгарон сарф кардааст. Ин тими футболи англисӣ боз як муҳофизатгари дигар Рубен Диасро аз дастаи "Бенфика" харидорӣ кард. 
Дар давоми солҳои охир барои  мукаммал сохтани қисмати муҳофизаташ дастаи  “Манчестер Сити” беш аз 10 футболбозро бо харҷи 440 миллион евро ба ҳайати худ ҷалб сохтааст, аммо ҳунари онҳо то ба ҳол сармураббии даста Хосеп Гвардиоларо қонеъ карда наметавонад. Дастаи шаҳри Манчестер бозигари “Бенфика”-и Португалия Рубен Диасро расман футболбози худ сохт.  “Манчестер Сити” дар ин муомилот ба самти муқобил ҳимоятгари худ Николас Отамендиро ҳамроҳ намуд, ки футболбози аргентинӣ ба Португалия  фиристода шуд ва аз самти муқобил Рубен Диас ба Англия кӯч баст. Футболбози 23 сола то соли 2026 бо “Манчестер Сити” шартнома бастааст ва барои ин муомилот 68 млн € сарф шудааст ва шаҳриҳо боз вазифадоранд, ки барои футболбози тими миллии Португалия дар ҳаҷми беш аз 3,6 млн еврои дигар мукофотпӯлӣ пардохт кунад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив