Дифоъгари «Барселона» Жюл Кунде дар бозии сипаришудаи Примера муқобили «Гранада» (2:2) ҷароҳати зону бардошт. Дар ин бора Marca хабар медиҳад.
Иттилоъ дода мешавад, ки соатҳои наздик муоинаи зарурии тиббӣ гузаронида шуда, тибқи натиҷаи он муайян мегардад, ки дифоъгар аз ҷароҳати бардошта кай ба майдон меояд. Тибқи иттилоъи пешакӣ Кунде ҷароҳати зону аз пои чап бардоштааст.
Ёдовар мешавем, ки футболбози фаронсавӣ баъди бархӯрд бо ҳамдастааш Гави ҷароҳат гирифта буд. Кунде дар дақиқаи 44-ум бо эҳсосоти манфӣ майдонро тарк намуд.
Ёдрас мекунем, ки дар даври баъдии Ла Лига «Барселона» муқобили «Атлетик» аз Билбао ба майдон омада, рақобат рӯзи 22-юми октябр, соати 00:00 дшб доир мешавад.