LIVE

Нелсон Семеду ҷароҳат бардошт

Тибқи хабаргузории сомонаи расмии “нилунориҳо”, дифоъгари португалии даста Нелсон Семеду дар бозии даври 13-уми Ла Лига бар муқобили “Селта” (4:1) захм бардоштааст. Ёдовар мешавем, ки футболбоз дар дақиқаи 23-юм осеб бардошт, ки ӯро бо Серхио Бускетс иваз намуданд. Баъд аз натиҷаи ташхис муайян шуд, ки осеби бардоштаи Семеду ҷиддӣ аст ва ҳамин тавр футболбоз муддати панҷ ҳафтаро барои барқарор намудани захмаш сипарӣ мекунад. Дар мавсими ҷорӣ Нелсон дар 12 бозии каталониҳо вориди майдон шуда, ба номаш се партофти головарро созмон додааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив