LIVE

Сармураббии мунтахаби Шветсия баъди ҳафт сол аз вазифааш канор рафт

Сармураббии мунтахаби Шветсия Янне Андерссон баъди ҳафт сол корӣ вазифаашро тарк намуд, хабар дода мешавад дар сомонаи расмии Федератсияи футболи Шветсия.
Андерссони 61-сола мураббигии мунтахаби  Шветсияро аз соли 2016 бар ӯҳда дошта, таҳти роҳбарии ӯ даста то марҳилаи 1/4 ниҳоии чемпионати ҷаҳон — 2018 дар Россия ва даври  1/8 ниҳоии Евро‑2020 роҳхат гирифта буд. Вале бо вуҷуди ин ба чемпионати ҷаҳон дар Қатар-2022 ва чемпионати Аврупо Аврупо — 2024 дар Олмон роҳ ёфта натавонист.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 19-уми ноябр бозии охирини марҳилаи гурӯҳии даври интихобии чемпионати Аврупо — 2024 миёни мунтахабҳои Шветсия ва Эстония доир гардид. Мизбонон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд. Баъди ин рақобат дар ҳисоби мунтахаби Шветсия 10 хол шуда, даста дар ҷадвали гурӯҳи F зинаи сеюмро ишғол кард. Эстония бошад бо касби як хол марҳилаи гурӯҳиро бо ишғоли зинаи охирин ҷамъбаст кард. Ҳардӯи дастаҳо ба марҳилаи ниҳоии Евро-2024 роҳ ёфта натавонистанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив