LIVE

Эдди Хау метавонад сармураббии мунтахаби Англия шавад

Сармураббии мунтахаби Англия Гарет Саутгейт метавонад баъди чемпионати Аврупо- 2024 мунтахаби миллиро тарк кунад.
Чӣ тавре журналист Грэм Бэйли хабар медиҳад,   Ассотсиатсияи футболи Англия дар тамдидкунии шартномааш шубҳа дорад ва аз ин рӯ  ташкилоти мазкур аллакай дар сурати рафтани Саутгейт ба ҷустуҷӯи ивазкунандааш пардохтааст. Варианти эҳтимолӣ барои англисҳо номзадии сармураббии «Нюкасл» Эдди Хау мебошад.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 17-уми октябр бозии даври 8-уми гурӯҳии марҳилаи интихобии Евро-2024 анҷом ёфт, ки дар он мунтахабҳои Англия ва Италия вохӯрданд. Дастаҳо дар варзишгоҳи «Уэмбли»-и шаҳри Лондон бозӣ намуда, рақобат ба нафъи англисҳо бо ҳисоби 3:1 хотима ёфт. Дар масири шаш даври  гурӯҳии марҳилаи интихобии чемпионати Аврупо- 2024 мунтахаби Англия  16 хол ба даст оварда, пеш аз мӯҳлат ба марҳилаи ниҳоии интихобии чемпионати Аврупо роҳхат гирифт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив