LIVE

Бохти мунтахаби Сербия аз Венгрия дар даври 7-уми марҳилаи интихобии Евро-2024

Бозии даври 7-уми марҳилаи интихобии Евро-2024 дар гурӯҳи G миёни мунтахабҳои Венгрия ва Сербия дар варзишгоҳи «Пушкаш Арена» дар шаҳри Будапешт хотима ёфт, ки дар он мизбонон бо ҳисоби 2:1 зафар ёфтанд.
Дар нимаи аввал, дар дақиқаи 21-ум Барнабаш Варга аз партофти Лоик Него ҳисобро кушод ва мунтахаби Венгрияро ба пеш баровард. Баъдан, дар дақиқаи 33-юм Страхиня Павлович аз партофти Андрий Живкович  ҳисобро баробар кард. Аммо як дақиқа нагузашта буд, ки дар дақиқаи 34-ум мизбонон дубора ба пеш баромаданд —Роланд Шаллаи аз партофти Лоик Него ба задани гол даст ёфт. Дар бозии мазкур дигар гол ба қайд гирифта нашуд ва мунтахаби Венгрия бо ҳисоби  2:1 пирӯзӣ ба даст овард.
Ҳамин тариқ, баъди панҷ бозии марҳилаи интихобии чемпионати Аврупо- 2024 мунтахаби Венгрия бо касби 13 хол дар зинаи якуми G қарор гирифта,  мунтахаби Сербия бо даҳ хол аз шаш бозӣ дар зинаи дуюм боқӣ монд.
ЧА-2024 – марҳилаи интихобӣ. Гурӯҳи G. Даври 7-ум
14-уми октябри соли 2023, шанбе. 23:45 ДШБ
Венгрия 2 : 1 Сербия
1:0 Варга – 21'     1:1 Павлович – 33'     2:1 Шаллаи – 34'    

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив