LIVE

Ҳамлавари «Нюкасл» Исак ба хотири ҷароҳат сафи мунтахаби Шветсияро тарк намуд

Ҳамлавари «Нюкасл» ва мунтахаби Шветсия Александер Исак вобаста ба ҷароҳат маҷбур шуд, ки ҳайати мунтахаби кишварашро тарк намояд.
«Александер Исак мунтахаби милли кишварро дар пешорӯи марҳилаи интихобии Евро тарк кард. Ҳамлавари «Нюкасл» баъди бозии рӯзи истироҳатӣ муқобили «Вест Хэм» ба сафи тими миллӣ шомил шуд ва назди духтурони мунтахаби Шветсия аз муоинаи тиббӣ гузашт. Муоина нишон дод, ки Александер Исак баҳри иштирок дар бозии марҳилаи интихобии чемпионати Аврупо муқобили Белгия, ки рӯзи душанбе доир мешавад, омода нест», — гуфта мешавад дар изҳорот дар сомонаи расмии Федератсияи футболи Шветсия.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи панҷшанбе, 12-уми октябр тими миллии Шветсия муқобили мунтахаби Молдавия бозии рафиқона гузаронида, сипас рӯзи 16-уми октябр дар бозии  марҳилаи интихобии Евро-2024 бо Белгия ба майдон меояд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив