«Бавария» бо пирӯзӣ бар «Хайденхайм» (4:2) дар даври 11-уми Бундеслига ба гузоштани рекорди нав даст ёфт.
Акнун мюнхениҳо дар ҳисоби хеш 42 гол дошта, ин нишондоди рекордӣ дар 11 бозии нахусти мавсим дар таърихи лига мебошад, иттилоъ медиҳад пойгоҳи омории Opta Sport. То ин дам ҳеҷ як дастае беш аз 40 гол дар масири шумораи чунин бозиҳо сароғози чемпионат ба самар нарасонидааст.