LIVE

Холланд ҳам муаллифи як рекорди дигар

Дар даври понздаҳуми Бундеслигаи Омлон "Боррусияи Дортмунд" бо дастаи "Лейптсиг" неру санҷид. Рақобат дар майдони "Ред булл Арена Сентралштадион" дар "Лейптсиг" доир шуда, ба фоидаи меҳмонон ба анҷом расид. Нимаи аввали бозь бидуни гол ба анҷом расида, дар дақиқаи 55-уми нимаи дуюм Ҷейдон Санчо ирсоли Марко Ройсро ба гол табдил дод. Чанде пас Эрлинг Холланд  ирсоли Санчоро ба гол табдил дода, бартарияти меҳмононро ба ду гол расонид. Дар дақиқаи 84-уми дидор бошад, Холланд боз як бори дигар дарвозаи "Лейптсиг"-ро рахна карда, дублро ба номаш сабт намуд. Танҳо голи таскиндиҳандаи мизбононро дар дақиқаи 89-ум Александр Сёрлот ба самар расонида, Боррусия бо ҳисоби 3 бар 1 ғалаба ба даст овард.  Ҳамин тавр дар ин бозӣ рекорди нави Бундеслига ҳам ба сабт расид, ки тибқи он ҳамлагари норвегиягӣ Эрлинг Холланд дар 25 бозии Бундеслига 25 гол ба самар расонида аст. Рекорди пешин марбути Уве Зеелер буд, ки дар 25 бозӣ 23 гол зада буд.  Ҳамин тавр, "Боррусия Д" то кунун бо 28 имтиёз дар зинаи чоруми Бундеслига қарор дошта, "Лейптсиг" бо 31 имтиёз пас аз "Бавария" дар зинаи дуюм ҷой гирифтааст. "Байер" бо 29 имтиёз дар сегонаи беҳтаринҳо мебошад 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив