LIVE

Бохти «Манчестер Юнайтед» дар 9 аз 17 бозии нахусти мавсим

«Манчестер Юнайтед» дар 9 аз 17 бозии нахусти мавсимӣ бо дарназардошти ҳамаи мусобиқаҳо шикаст хӯрд. Ба «девони сурх» чунин ҳолат бори нахуст аз мавсими-1973/1974 ба миён омадааст.
Аз 17 бозӣ манкунианиҳо танҳо ҳашт пирӯзӣ дошта, ягон мусовӣ надоранд. Бохти ахири дастаи Эрик тен Хаг  ба бозии дирӯзи «Манчестер Юнайтед» рабт дорад,   замоне, ки аз «Копенгаген»-и даниявӣ дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо шикаст хӯрд.
Дар гурӯҳи A «девони сурх» бо се хол дар зинаи охири ҷадвал қарор доранд.  Садринишини ҷадвали гурӯҳ «Бавария» буда, «Копенгаген» дар зинаи дуюм қарор дорад. Дар Премер-лигаи Англия «Ман Юнайтед» баъди 11 вохӯрӣ дар зинаи ҳаштум қарор дорад. Ғайр аз ин, шогирдони тен Хаг аз  «Нюкасл» дар бозии Ҷоми лигаи Англия шикаст хӯрда, чунин қаҳрамони феъли ин мусобиқа аз рақобат канор монданд.
Дар доираи бозии навбатии сабқати дохилӣ «Манчестер Юнайтед» бо «Лутон» ба майдон меояд, дастае, ки пештар аз «Ливерпул» (1:1) дар майдони хеш хол гирифт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив