LIVE

Уэйн Руни оиди қабулкунии вазифаи сармураббигӣ дар «Бирмингем» сухан кард

Собиқ ҳамлавари мунтахаби Англия Уэйн Руни қарор оиди ба гардан гирифтани вазифаи сармураббигии «Бирмингем»-ро фаҳмонд.
«Рӯшан аст, ки ба ИМА баҳри касби таҷриба ва рушди касбӣ рафтам, аммо замони пайдошавии имконияти пайвастан ба «Бирмингем» хеле ҳам хурсанд шудам. Хеле ҳаяҷонзада ва хурсанд будам, ки бори дигар дар   Англия тамрин медиҳам ва бесаброна инро интизорам. «Бирмингем» — бошгоҳи бузург аст ва бароям фаҳмо аст, ки ниятҳои моликон чӣ гунаанд ва бо кадом роҳ даста пешравӣ мехоҳад. Ин таърихи бузургест, ки метавонад ёдгорие дар футбол бимонад. Мехоҳам қисмати талош дар бозгардонидани комёбӣ барои ин тими футболӣ бошам», — иқтибос меорад аз суханони Руни Goal.
Айни ҳол «Бирмингем Сити» дар зинаи шашуми ҷадвали Чемпионшип қарор дошта, аз 11 бозӣ 18 хол касб кардааст. Бозии навбатии бирмингемиҳо рӯзи 21-уми октябр дар сафар муқобили «Мидлсбро» мегузарад.
Уэйн Рунии 37-сола баҳри баромадаш дар тимҳои «Эвертон» ва «Манчестер Юнайтед» ба ҳамагон маъруф буда, маснади мураббигияшро аз соли 2019 шурӯъ намуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив