LIVE

Уэйн Руни сармураббии нави «Ди-Си Юнайтед» шуд

“DC Юнайтед” дар сомонаи расмии худ эълон кард, ки собиқ сармураббии “Дерби Каунти” - Уэйн Руни ба вазифаи сармураббии клуб таъин шудааст.
Руни пас аз гирифтани раводиди корӣ ба даста ҳамроҳ мешавад ва вазифаи худро иҷро мекунад. Мутахассисоне, ки ба ҳайати мураббии ӯ шомиланд, баъдтар эълон хоҳанд шуд.
Уэйн афсонаи футбол аст. Вай яке аз мутахасси ғайриодӣ ва навкор ҳам бошад, вале исбот кардааст, ки футболро хуб мефаҳмад. Вай аллакай исбот кардааст, ки коллективро аз душвориҳо чӣ тавр бароварданро  медонад. Вай Лигаи моро медонад ва барои муваффақ шудан талош мекунад" гуфтааст намояндаҳои махсуси “DC Юнайтед” - Ҷейсон Левиен ва Стив Каплан.
Руни аз соли 2018 то 2020 дар тими "Ди Си Юнайтед" бозӣ кардааст. Ёдовар мешавем, ки Руни рӯзи 24 июн тарки дастаи “Дерби Каунти” намуда буд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив