LIVE

Уэйн Руни сармураббии яке аз дастаи ПЛА мешавад

Мураббии «Дерби Каунти» - Уэйн Руни метавонад сармураббии «Бёрнли» шавад. 
Ба иттилои манбаъ, роҳбарияти «Бёрнли» бар ин назар аст, ки Руни метавонад барои барқарор кардани даста кӯмак кунад. «Бёрнли» айни замон бо 31 имтиёз дар зинаи 17-уми ҷадвали Премйер Лига қарор дорад. Дастаро аз минтақаи хатарнок барои тарки Премйер Лига намудан, ду имтиёз ҷудо мекунад. 
Руни аз январи соли 2021 сарварии "Дерби" мебошад. Бо роҳбарии ӯ даста тарки Чемпионшип намуд. “Дерби” мушкилоти ҷиддии молиявиро аз сар мегузаронад. Дар мавсими ҷорӣ дар клуб идоракунии беруна ҷорӣ карда шуд. Соҳибони кунунӣ талош доранд, ки харидор пайдо кунанд, аммо то ҳол ба ин муваффақ нашудаанд. Барои вайрон кардани коидахои молиявй аз клуб 21 хол гирифта шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив