LIVE

Изҳороти расмии «Барселона» оиди парвандаи Негрейра

«Барселона» дар сомонаи расмии хеш оиди парвандаи собиқ ноиб-президенти комиссияи судии Федератсияи шоҳигарии футболи Испания Хосе Негрейра , ки дар гирифтани ришва аз тими каталонӣ айбдор мешавад, изҳороти расмӣ дод.
«Барселона» мехоҳад ёдовар шавад, ки дар қазияи маъруф бо номи «парвандаи Негрейра» чун айбдоркунандаи шахсӣ баромад мекунад то ташкилотро вақти таҳқиқоти қазия аз ҷинояти эҳтимолӣ дар идоракунии бевиҷдонона ҳифз намояд.  
Бошгоҳ бар он аст, ки аз оғоз мавқеи хешро дар муносибати пардохтҳо ба шахсони сеюм бо дар назардошти боварии ташкилот оиди набудани ҷинояти коррупсионии варзишӣ муайян намояд.
«Барса» бори дигар изҳор менамояд, ки дар масири солиёни зиёд дар муносибати доварон ва бозигарон аз хизматрасониҳои техникӣ-машваратӣ бархӯрдор буд. Бошгоҳ дорои маводҳои мебошад, ки будани воқеии чунин хизматрасониҳоро исбот мекунад. Ҳамаи ин маводҳо ба беҳбудсозии омодагии бозиҳои дастаи касбии футболӣ нигаронида шуда, аз ҷониби ширкатҳои хизматрасонӣ пардохт мешуданд. Қисмати маводҳои ҳифзкарда шуда чанде пеш ба суд ирсол гардиданд, ки он ҳам таҳқиқотро пеш мебарад.
Таҳти роҳбарии президент Лапорта пардохтҳо ҳама вақт на аз ҷониби ашхоси сеюм ва ширкатҳои дигар балки аз ҷониби ширкатҳое амалӣ мешуданд, ки баҳри иҷрои ин вазифаҳо  масъул буданд.  
Мо муттассифем оиди қароре, ки дар бораи он дирӯз хабар дода шуд. Он ҳам аз ақидаҳо ва муҳокимаҳои арзишмандонае иборат аст, ки меёърҳои аълоқии президент  Жоан  Лапортаро зери шубҳа мегузоранд, зеро ки:
1) шахсе, ки дар ин қазия амал кардаааст ва дар муносибати ӯ таҳқиқот гузаронида мешавад,  «Барселона» аст, балки на президенти феълии он;
2) бошгоҳ дар ин раванд ҳуқуқ ба муҳофизат дорад;
3) бошгоҳ ҳамчунин метавонад ҷабрдида бошад.
Ғайр аз ин бояд дар ёд дошт, ки парванда дар ҳоли таҳқиқот қарор дорад ва баррасиҳои шахсие, ки шомили қарор гардидаанд, ғайр аз овардан ба парешонӣ ва гуногунӣ дар афкори ҷамъиятӣ  чизи дигаре наоварданд. Ин ҳам бевосита ба имиҷи бошгоҳӣ ва президент хисороти ҷиддӣ расонид.
Ба ҳар ҳол бошгоҳ бо сардории президент ҳифзи манфиатҳои ташкилотро ба воситаи ҳуқуқшиносон идома медиҳад.
Ниҳоят, мо бори дигар қайд мекунем: ба андешаи бошгоҳ, ҳар чизе, ки талош мекунад ба амалҳо дар муносибати роҳбарият таъсир расонад, ногаҳонӣ нест. «Барселона» аз ҷониби гурӯҳҳои ниҳодии бадномкунанда, ки то ҳол умуман эътироф нашудаанд, мавриди ҳуҷумҳои берунӣ қарор мегирад. Ин ҷараён ҳам ба номусоид намудани вазъи бошгоҳӣ дар ҳамаи соҳаҳо нигаронида шудааст: соҳаи варзишӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ», – гуфта мешавад дар изҳорот.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив