LIVE

“Милан”-ро сеюмин шахси сарватманди дунё мехарад

Соҳибкори фаронсавӣ, роҳбари ширкати "Louis Vuitton Moët Hennessy” Бернар Арно нақша дорад бошгоҳи маъруфу овозадори футболии “Милан”-и Италияро аз фонди сармоягузории “Elliott Management” ИМА бо арзиши 1 млрд евро харидорӣ кунад. Дар навбати худ ширкати “Elliott Management” хоҳиши фурӯхтани бошгоҳи “Милан”-ро надорад, зеро онҳо ҳамаги чанд муддат пеш барои таъмиру таҷдиди варзишгоҳи “рассонери” ва зербинои ин бошгоҳ маблағҳои ҳангуфте сарф кардаанд.
Бернар Арно бо 85 млрд евро дороиш дар феҳристи шахсони сарватманди дунё зинаи сеюмро ишғол мекунад. Танҳо Ҷефф Безос (молики ширкати “Amazon”) ва Билл Гейтс (асосгузори “Microsoft”) дар раддабандии маҷаллаи “Forbes” аз ӯ пешанд.
Бошгоҳи футболии “Милан” 18 карат қаҳрамони Италия, 7 карат ғолиби Лигаи Чемпионҳо (танҳо “Реал Мадрид” аз “Милан”  дида бештар дар ин мусобиқа зафар ёфтааст) гардидааст.
“Милан” дар се даври аввали мавсими ҷории Серияи А соҳиби 6 имтиёз шуда, айни замон дар зинаи 6-ум қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив