LIVE

Муваффақияти "Бавария" бар “Милан”

Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, дастаҳои аврупоӣ пеш аз оғози мавсим барои санҷиши футболбозонашон дар мусобиқаи Ҷоми байналмилалии қаҳрамонҳо, ки ҳар сол пеш аз оғози мавсим дар кишварҳои ИМА, Сингарпур, Чин, Ҷопон ва Канада баргузор мешавад, ширкат мекунанд. Дар ҳамин росто имрӯз дар шаҳри Канзас-Ситии ИМА рақобати дастаҳои “Бавария”-и Олмон ва “Милан”-и Италия баргузор шуд, ки дар ин набард шогирдони Нико Ковачки хорватӣ бо ҳисоби минималии 1:0 пирӯз шуда, соҳиби се имтиёз шуданд. Ягона голи ин нерусанҷиро  нимҳимоятгари олмонии “Бавария” - Леон Горетска  ба ҳадаф расонид. Ҳамин тавр олмониҳо пирӯзии дуюми хешро дар Ҷоми байналмилалии қаҳрамонҳо соҳиб шуданд. “Бавария” қаблан дар бозии якуми хеш бошгоҳи “Реал”-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст дода буд.

Ҷоми байналмилалии қаҳрамонҳо 

"Бавария" (Олмон) - "Милан" (Италия) - 1:0 (1:0)

Гол: Горетска, 45+3.

"Бавария": Нойер (Улрайх, 46), Зюле, Павар, Киммих (Михалевич, 46), Горетска, Толиссо (Тиагу Алкантара, 46), Коман (Алаба, 59), Ренату Санчеш (Сингх, 59), Мюллер (Штиллер, 80), Дэйвис, Арп.

"Милан": Ҷ.Доннарумма, Стринич, Калабрия, Эрнандез (Конти, 45), Габбиа, Биля, Хакан Чалханоглу, Пентек, Малдини (Кутроне, 58), Самуэл Кастилехо (Мионич, 90+1), Борини (Брешанини, 90+1).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив