LIVE

“Хуҷанд” аз ҳаққи иштирок дар Ҷоми КФО маҳрум шуд

Дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бозии марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО -2023/24 дар минтақаи марказӣ баргузор гардид.
Бошгоҳҳои «Хуҷанд» (Тоҷикистон) ва «Мерв» (Туркманистон) барои роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқот андари майдони рақобат гардиданд. Вохӯрии дастаҳоро ҳайати доварон аз АМА таҳти роҳбарии Яҳё Алӣ Муҳаммад Ҳасан Ал-Мулло ҳакамӣ карданд.
Дидори дастаҳо бо ғалабаи тими “Мерв” анҷом ёфт. Вақти асосии бозӣ бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 анҷом ёфту дар вақти илова намудаи довар футболбозони “Мерв” бартари нишод дода, гол ба самар расониданд ва музаффарият ба даст оварданд.
Ягона голи дастаи “Хуҷанд”-ро дифоъгар Парвиз Боқиев аз ҳайати захиравӣ ба майдон баромада, дар дақиқаи 79-ум ба самар расонид. Голҳои дастаи “Мерв”-ро Мурод Яхшиев, ки аз дастаи “Нефтчӣ” ба тозагӣ ба ҳайати ин даста пайваста буд, дар дақиқаи 54-ум ва Мурат Овезмурадов аз ҳайати захиравӣ ба майдон баромада, дар дақиқаи 114-ум ба самар расониданд.
Бо ин ғалаба дастаи “Мерв” ба даври гурӯҳии Ҷоми КФО роҳ ёфту, “Хуҷанд” ин мавсим ҳам аз ҳаққи иштирок дар ин мусобиқа маҳрум монд.
Ёдовар мешавем, ки ин мавсим танҳо дастаи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб дар Ҷоми КФО - Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. "Истиқлол" дар Лигаи Чемпионҳои Осиё бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив