Дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бозии плей-оффи Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи марказӣ баргузор мешавад. Бошгоҳҳои «Хуҷанд» (Тоҷикистон) ва «Марв» (Туркманистон) барои роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бо ҳам вомехӯранд. Вохӯрӣ соати 16:00 оғоз мешавад.
Дар сурати мусовӣ анҷом ёфтани вақти асосии бозӣ, ду қисми иловагии иборат аз 15 дақиқагӣ таъйин карда мешавад. Агар ғолиб дар ин вақт ҳам муайян нашавад, бар асоси муқаррароти ФИФА ғолибро аз рӯйи силсилазарбаҳои 11-метра маълум мекунанд.
Ҳамаи мухлисонро ба варзишгоҳ даъват мекунем! Биёед «Хуҷанд»-ро якҷоя дастгирӣ кунем!