LIVE

29 октябр финали Ҷоми Тоҷикистон-2022 доир мешавад

Бозии ниҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2022 миёни бошгоҳҳои «Истиқлол» (Душанбе) ва «Куктош» (Рӯдакӣ) рӯзи 29 октябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар баргузор шуда, соати 14:00 оғоз мешавад. 
«Истиқлол» ва «Куктош» бори аввал дар финали Ҷоми кишвар бо ҳам вомехӯранд. 
Ёдовар мешавем, ки агар вақти асосии вохӯрӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёбад, ду қисми иловагӣ иборат аз 15 дақиқагӣ таъйин карда мешавад. Агар ғолиб дар ин вақт ҳам муайян нашавад, бар асоси муқаррароти ФИФА дастаи пирӯз аз рӯйи силсилазарбаҳои 11-метра маълум карда мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив