LIVE

Нишасти хабарии пеш аз бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон доир шуд

Дар остонаи бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 байни қаҳрамони кишвар «Истиқлол» ва ноибқаҳрамони ҷумҳурӣ «Хуҷанд» имрӯз дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишаст комиссари бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 Ҷамшед Исмоилов (Душанбе), нозири доварон Насриддин Азизов (Қубодиён), намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, Лигаи футболи кишвар, дастаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд" ширкат варзиданд. 
Дар ҷаласа масъалаҳои ташкилии бозии дарпешистода мавриди баррасӣ қарор гирифта, шакли либосҳои  финалистон тасдиқ карда шуд. Мизбони номиналӣ  – футболбозони “Истиқлол” бо либоси сурху сиёҳ ва меҳмонони номӣ – футболбозони "Хуҷанд" бо либоси кабуд дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 ҳунарнамоӣ мекунанд.
Агар вақти асосии бозӣ мусовӣ анҷом ёбад, ду қисми иловагӣ  таъйин карда мешавад. Агар ғолиб дар ин вақт ҳам муайян нашавад, бар асоси муқаррароти ФИФА ғолиб аз рӯйи силсилазарбаҳои 11 метра маълум мегардад.

Қобили зикр аст, ки финали Ҷоми Тоҷикистон-2021 миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд» пагоҳ, 9 декабр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд соати 13 оғоз мешавад. Даромад ба варзишгоҳ ройгон аст.

Ҷоми Тоҷикистон-2021
Финал
9 декабр (панҷшанбе)
Оғоз - соати 13:00
"Истиқлол" - "Хуҷанд"
Довари марказӣ: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе)
Ёварон: Ҳасан Каримов, Исмоил Нуралиев (ҳарду аз Норак).
Довари эҳтиётӣ: Ҳамза Шоймардонов (Хуросон).
Доварони иловагӣ: Насрулло Кабиров (Норак), Саёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
Нозири доварон: Насриддин Азизов (Қубодиён).
Комиссари бозӣ : Ҷамшед Исмоилов (Душанбе).

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив