LIVE

Финали Ҷоми Тоҷикистон:“Истиқлол” ва “Хуҷанд” ба ҳам меоянд

Ба таваҷҷӯҳи намояндагони ВАО! Пагоҳ, 8 декабр, соати 10:30 дар меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд нишасти хабарии пеш аз бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) доир мегардад.
Ба суолҳои хабарнигорон сармураббиёни дастаҳо ҷавоб медиҳанд. Ба нишасти хабарӣ инчунин як нафарӣ бозигарони дастаҳо низ даъват мешаванд.
Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон “Истиқлол” – “Хуҷанд” – 9-уми декабр дар варзишгоҳи “20-солагии Тоҷикистон” дар  шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад. Оғози бозӣ - соати 13:00. Марҳабо ба варзишгоҳ!

Пас аз анҷоми нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорони аккредитатсияшуда бейҷикҳо тақсим карда мешаванд. Барои маълумоти пурра метавонед бо телефони 918667387 (Фаридун Солиев) дар тамос шавед.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив