LIVE

Либосҳои мунтахаби Тоҷикистон барои бозӣ бо Муғулистон тасдиқ шуд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии худро дар доираи даври ҳафтуми марҳилаи дуввуми Чемпионати ҷаҳон- 2022 дар гурӯҳи "F" бо тими миллии Муғулистон бо пероҳани ранги сурх баргузор мекунад. Имрӯз, 24 март дар меҳмонхонаи «Таҷ-Палас» бо иштироки чеҳраҳои расмӣ дар бозии Ҷоми Ҷаҳон-2022 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон нишасти  пеш аз бозӣ баргузор шуд.
Дар нишасти мазкур Ҳомид Муминӣ (Эрон), нозири доварон Аҳмад Ёқуб Ҷумъа (АМА), намояндаи Конфедератсияи футболи Осиё Чжун Хван Вон (Кореяи Ҷанубӣ) ва дастаи доварон аз Ироқ ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ташкилии бозии дарпешистода муҳокима карда шуданд, ки дар рафти он ҳамаи сохторҳои ширкаткунанда омодагии худро тасдиқ карданд. Инчунин дар маҷлис либоси дастаҳои бозӣ тасдиқ карда шуд: мунтахаби Тоҷикистон бо либоси сурх ва дастаи Муғулистон бо либоси сафед бозӣ хоҳанд кард. Ёдовар мешавем, ки бозии интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон рӯзи панҷшанбеи 25 март дар Варзишгоҳи марказии пойтахт соати 18:00 баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив