LIVE

Имрӯз бозиҳои якуми даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 баргузор мешаванд

Имрӯз, 15 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор ду бозии аввали даври ниманиҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2022 баргузор мешавад.

Соати 16:00 вохӯрии «Хатлон» ва «Куктош» оғоз шуда, баъдан соати 20:00 футболбозони дастаҳои «Истиқлол» ва «Эсхата» вориди майдон мешаванд.

Бояд гуфт, ки бозиҳои ҷавобии даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 рӯзҳои 15 ва 16 октябр доир мегарданд.

Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2022
1/2 ниҳоӣ. Бозиҳои аввал
15 сентябр (панҷшанбе)
Оғоз - соати 16:00
«Хатлон» – «Куктош»
Довари марказӣ: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).
Ёварон: Холмурод Абдусаломов, Ғайрат Рӯзибоев (ҳарду аз Шаҳринав).
Довари эҳтиётӣ: Рустам Нурматов (Душанбе).
Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).
Комиссари бозӣ : Ҷамшед Исмоилов (Душанбе).
Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

15 сентябр (панҷшанбе)
Оғоз — соати 20:00
«Истиқлол» – «Эсхата»
Довари марказӣ: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
Ёварон: Хусрави Сиддиқзод, Фарҳод Куралов (хар ду аз Душанбе).
Довари эҳтиётӣ: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).
Нозири доварон: Юсуф Ишматов (Бохтар).
Комиссари бозӣ: Ширинҷон Валиев (Рӯдакӣ).
Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив