LIVE

Иштирокчиёни даври 1/2 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон муайян шуданд

Бозиҳои чорякфиналии Париматч-Ҷоми  Тоҷикистон-2022 ба анҷом расида, иштирокчиёни марҳилаи ниманиҳоии мусобиқот муайян шуданд. Дар даври 1/2 ниҳоӣ дастаҳои «Истиқлол» - «Эсхата» ва «Хатлон» - «Куктош» бозӣ мекунанд.

Бозиҳои аввали ниманиҳоии Ҷоми кишвар рӯзҳои 17-18 сентябр ва бозиҳои ҷавобӣ 15-16 октябр баргузор мешаванд.

Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2022
Чорякфинал
«Файзканд» — «Куктош» — 1:2
Голҳо: Билл Обама Арсен, 9 (1:0). Худойдод Узоқов, 34 (1:1). Худойдод Узоқов, 87 (1:2).
27 август. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 1500 тамошобин.

«Эсхата» — КМВА— 1:0
Гол: Санҷар Рихсибоев, 47.
28 август. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 1000 тамошобин.

«Саройкамар» — «Хатлон» — 0:1
Гол: Тоҳирҷон Тағойзода, 80.
28 август. Панҷ. Варзишгоҳи марказӣ. 3500 тамошобин.

«Истиқлол» – «Равшан» (Кӯлоб) – 1:0
Гол: Манучеҳр Ҷалилов, 15.
28 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 2500 тамошобин.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив