LIVE

«Хатлон» ба зинаи дуюми ҷадвали мусобиқа баромад

Се бозии даври ҳаштуми Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд. 
“Хатлон”-и Бохтар сеюмин ғалабаи пайдарҳами худро ба даст оварда, ба зинаи дуюми ҷадвали мусобиқа баромад. Дар даври гузашта шогирдони Аслиддин Ҳабибуллоев дар сафар бар “Истаравшан” бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо шуданд. Голҳои задаи Худойдод Узоқов ва Тоҳирҷон Тағойзода се имтиёзи гаронбаҳоро насиби дастаи “Хатлон” намуд. 
«Кӯктош» дар ин давр КМВА-ро бо ҳисоби 3 бар 1 шикаст дода, ба зинаи сеюми ҷадвали мусобиқа баромад. 
Дар бозии дигар “Файзканд”-и Восеъ бо ҳисоби 2 бар 0 “Душанбе”-и Душанберо мағлуб карда истода, ҳисоби ғолибиятро дошта натавонист ва бозӣ билохира бо ҳисоби баробари 2 бар 2 анҷом ёфт.

Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021
Лигаи олӣ. Даври 8-ум
«Кӯктош» – КМВА – 3:1
Голҳо: Шервони Мабатшоев, 21 – аз пеналти (0:1). Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 47 (1:1). Шарафҷон Солеҳов, 58 (2:1). Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 71 (3:1).
«Кӯктош» (Рӯдакӣ): Равшан Содиров, Аҳтамҷон Холбоев (Сироҷиддин Гулмуродов, 69), Муҳаммадҷон Раҳмонов, Алиҷон Алиҷонов, Сӯҳроб Раҳмонов, Муҳаммадшарифи Саидхоҷа (Вайсиддин Сафаров, 77), Расул Пайзов (Алишер Холмуродов, 86), Муҳаммад Саломзода, Шарафҷон Солеҳов (Алишер Шукуров, 86), Муҳсинҷон Абдуғаффоров, Амирҷон Сафаров.
КМВА (Душанбе): Беҳрӯз Хайриев, Комрони Мирзохон, Билол Сулаймонов, Ҷонибек Шарипов, Никита Шевцов, Сӯҳроб Ҷалилов, Идрис Амину, Фатҳулло Фатҳуллоев (Сайёди Ковусшо, 59), Айдан Окран (Элчибек Рашидбеков, 64), Шервони Мабатшоев, Феликс Теттех (Комрони Мирзонажод, 53).
Огоҳонида шуданд: Муҳаммад Саломзода («Кӯктош»), Идрис Амину, Шервони Мабатшоев, Элчибек Рашидбеков (КМВА).
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Муҳаммадшарифи Саидхоҷа («Кӯктош»).
Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).
Нозири доварон: Рустам Абдуллоев (Душанбе).
Комиссари бозӣ: Ҷовидон Ҳасанов (Душанбе).
21 май. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 6000 тамошобин.

«Файзканд» – «Душанбе» – 2:2
Голҳо: Абдухалил Боронов, 53 (1:0). Абдухалил Боронов, 63 (2:0). Ораз Ғаюров, 71 (2:1). Доробҷон Эргашев, 83 – ба дарвозаи дастаи худ (2:2).
«Файзканд» (Восеъ): Азимҷон Қараев, Маҳмуд Пиров, Доробҷон Эргашев, Ҷозеф Феумба, Фахриддин Сафарзода, Дилшодҷон Баратов (Шоҳрух Сангов, 46), Онана Етем, Аббос Андалибов (Ҳоҷиакбар Узоқов, 46), Маҳмадалӣ Содиқов (Артур Боугнон, 87), Акбари Шелдари Ораш, Абдухалил Боронов.
«Душанбе» (Душанбе): Фаромурз Саидов, Фирӯз Ризомов, Алишер Эргашев, Далер Имомназаров, Шайх Ёсиналлоҳ-Раҳмонов (Ион Арабаджи, 70), Сӯҳроб Асоев (Парвизҷон Ҳомидов, 70), Муҳаммад Ризомов, Анӯшервон Наврӯзов (Ораз Ғаюров, 56), Фарҳод Қосимов, Амир Мемари Манеш (Даниэл Тэгу, 90+1), Люк Менджана Леонел.
Огоҳонида шуданд: Онана Етем («Файзканд»), Фарҳод Қосимов («Душанбе»).
Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Абдухалил Боронов («Файзканд»).
Сардовар: Хуршед Дадабоев (Хуҷанд).
Нозири доварон: Умед Раҳимов (Бохтар).
Комиссари бозӣ: Ҷамшед Исмоилов (Душанбе).
21 май. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 500 тамошобин.

 «Истаравшан» – «Хатлон» – 1:2
Голҳо: Худойдод Узоқов, 20 (0:1). Тоҳирҷон Тағойзода, 84 (0:2). Отабек Каримов, 90+8 – аз пеналти (1:2).
«Истаравшан» (Истаравшан): Шаҳзод Шамсиддинов, Бахтиёр Қаландаров, Фаридун Деҳқонов, Ҳусейн Нурматов, Хуршед Олимов, Отабек Каримов, Диловар Бойкузиев, Асадбек Зиёзода (Бахтиёр Абдураҳмонов, 60), Ҷаҳонгир Сафаров, Фирӯз Раҳматов (Насим Расулов, 46), Аббос Икромов (Зуфарҷон Акбаралиев, 71).
«Хатлон» (Бохтар): Куайе Годсон, Хушвахт Миров, Саидшо Бозоров, Равшан Азизов, Мухаммад Насков, Фирдавс Алиназаров, Сорбон Авғонов, Тоҳирҷон Тағойзода, Худойдод Узоқов (Аминҷон Баротов, 66), Жан Гатен НД, Сунатулло Исмоилов.
Огоҳонида шуданд: Аббос Икромов, Хуршед Олимов, Ҷаҳонгир Сафаров («Истаравшан»), Равшан Азизов, Жан Гатен НД, Худойдод Узоқов («Хатлон»).
Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Тоҳирҷон Тағойзода («Хатлон»).
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
Нозири доварон: Дилшод Ализода (Душанбе).
Комиссари бозӣ: Парвиз Одинамаҳмадзода (Душанбе).
22 май. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 4500 тамошобин.
 
Нишонзанҳо: Артем Сердюк («Хуҷанд»), Акобир Тӯраев («Эсхата»), Абдухалил Боронов («Файзканд») – 5 голӣ, Люк Менджана Леонел («Душанбе») – 4 голӣ, Нуриддин Ҳамроқулов, Тоҳирҷон Тағойзода (ҳарду аз «Хатлон») – 3 голӣ.

Дар даври 9-ум вомехӯранд:
25 май (сешанбе)
Оғози бозиҳо - соати 17:30 
«Душанбе» – «Эсхата»
«Хатлон» – «Файзканд»
КМВА – «Истаравшан»

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив