LIVE

Бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2022-ро Насим Ҳамидов доварӣ мекунад

Масъулини бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2022, ки дар он қаҳрамони феълии Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи Ҷоми кишвар «Хуҷанд» вомехӯранд, маълум шуданд. Ин вохӯрӣ рӯзи 8 май дар варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена”-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, соати 16:30 оғоз мегардад.
Довари марказии бозӣ Насим Ҳамидов (Душанбе) таъйин шуд. Дар хатҳо ба ӯ доварон аз ноҳияи Шаҳринав Холмурод Абдусаломов ва Ғайрат Рӯзибоев ёрӣ мерасонанд. Акмал Бӯриев (Турсунзода) вазифаи довари эҳтиётӣ ва Абдулло Давлатов (Шаҳринав) ва Сайвалӣ Турдиев (Вахш) дар паси дарвозаҳо вазифаи доварони иловагиро иҷро мекунанд. Ориф Ҷӯраев (Душанбе) нозири доварон хоҳад буд. Абдулло Соқиев (Душанбе) комиссари бозӣ таъйин шудааст.
 
Париматч-Суперҷоми Тоҷикистон-2022
8 май (якшанбе)
Оғоз – соати 16:30
«Истиқлол» – «Хуҷанд»
Довари марказӣ: Насим Ҳамидов (Душанбе).
Ёварон: Холмурод Абдусаломов, Ғайрат Рӯзибоев (ҳарду аз Шаҳринав).
Довари эҳтиётӣ: Акмал Бӯриев (Турсунзода).
Доварони иловагӣ: Абдулло Давлатов (Шаҳринав), Сайвалӣ Турдиев (Вахш).
Нозири доварон: Ориф Ҷӯраев (Душанбе).
Комиссари бозӣ: Абдулло Соқиев (Душанбе).
Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив