LIVE

Бозии рӯз: «Хуҷанд» - «Суғдиёна» бозии финалии минтақаи марказии Ҷоми КФО

Баъд аз чк соат дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бозии финалии минтақаи марказии Ҷоми КФО-2022 миёни бошгоҳҳои «Хуҷанд» (Тоҷикистон) ва «Суғдиён» (Ӯзбекистон) доир мешавад. Вохӯрӣ соати 15:30 оғоз мегардад.

Дар сурати мусовӣ анҷом ёфтани вақти асосии рақобат, ду қисми иловагӣ иборат аз 15 дақиқаӣ таъйин карда мешавад. Агар ғолиб дар ин муддат ҳам муайян нашавад, бар асоси муқаррароти ФИФА силсилазарбаҳои 11-метра барандаи бозиро маълум менамояд.

Тамоми мухлисони футболро ба варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» даъват менамоем, то бошгоҳи моро дар ин бозии муҳим дастгирӣ кунанд! Ба тими «Хуҷанд» барору комёбӣ таманно дорем! Бозии мазкур давассути шабакаҳои телевизионии варзиш ва футбол ба таври мустақим пахш мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив