LIVE

“Хуҷанд” аз дарёфти 100 ҳазор доллар маҳрум шуд

Дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бозии финалии минтақаи марказии Ҷоми КФО-2022 миёни бошгоҳҳои «Хуҷанд» (Тоҷикистон) ва «Суғдиёна» (Ӯзбекистон) доир шуд.  Дар ин вохӯрӣ дастаи “Суғдиёна” тавонист, ки бо ҳисоби 4 бар 0 дастаи “Хуҷанд”-ро шикаст бидиҳад.
Ҳанӯз дар 20 дақиқаи қисми аввалӣ вохӯрӣ футболбози 39 солаи “Суғдиёна” – Ҷасур Ҳасанов  тавонист, ки 2 гол ба дарвозаи Шоҳрух Қирғизбоев ба самар расонад.
Шоҳрӯз Норхонов дар дақиқаи 30-юм ва  Ҷавоҳир Қаҳрамонов дар дақиқаи 79-ум ба дарвозаи Қирғизбоев 2 голи дигар ба самар расониданд. Футболбозони дастаи “Хуҷанд” имрӯз бисёр бозии заиф нишон доданд ва пас аз ин бохт аз идомаи бозиҳои Ҷоми КФО-2022 маҳрум шуданд. Ёдовар мешавем, ки ғолиби бозии ниҳоии минтақаи марказӣ аз ҷониби КФО 100 ҳазор доллар туҳфа мегирад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив