Нимҳимоягари «Барселона» Франк Кессиэ дар Арабистони Саудӣ идомаи маснади варзишӣ мекунад.
Тибқи маълумоти хабаррасон Фабрисио Романо «Барса» ва «Аль-Аҳлӣ Ҷидда» оиди гузариши футболбози 26-солаи мунтахаби Кот-д’Ивуар бар ивази 15 миллион евро ба тавофуқ расиданд.
Интизор меравад, ки гузариш дар соатҳои наздик амалӣ карда мешавад.
Кессиэ бо тими саудӣ шартнома то соли 2026 имзо мекунад.
Франк тобистони қаблӣ аз «Милан» ба «Барса» чун футболбози озод гузариш намуда, бо каталониҳо ғолиби чемпионат ва Суперҷоми Испания шуда буд.
Дар 43 бозии нилунориҳо ин африқоӣ 3 голу 3 ассист дорад.
Бояд илова намуд, ки дар сафи «Ал-Аҳлӣ» Эдуар Менди, Роберто Фирмино, Риёд Марез бозӣ намуда, мураббии даста Маттиас Яйссле аз «Ред Булл Залтсбург» мебошад.