Муштзани маъруф Александр Усик бо тими футболии “Полесйе” аз Украина шартномаи як сола баст.
Усик дар сафи даста аз Житомир таҳти рақами 17-ум баромад мекунад. Дар бораи ҷузъиёти дигари шартнома баъдан иттилоъ дода мешавад. Шурӯъ аз мавсими-2023/24 дастаи “Полесйе” дар Лигаи олии Украина баромад мекунад.